ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июл, сешанбе, 212-умин рӯзи соли 2024 аст
30 июли соли 2007 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор гардиданд.
***
30 июли соли 2012 «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» тасдиқ шуд.
***
30 июли соли 2013 масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд.
***
30 июли соли 2021 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд-саноат-паранда»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
30 июли соли 2022 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки соли 2022 ба Тоҷикистон тақрибан 370 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 238 ҳазор ё қариб 2,9 маротиба зиёд мебошад.
***
30 июли соли 2023 дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди калонтарин пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирии танбашавӣ дар хиёбони марказии шаҳр оғоз гардид.
30 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии дӯстӣ.
***
Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо хариду фурӯши одамон.
***
Дар Вануату – Рӯзи истиқлол.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Ҳабибулло Саидмуродов – соли 1933- олим, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон.