Тоҷикистон ҷаласаи Шурои намояндагони доимии ваколатдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро раисӣ намуд

Июль 31, 2024 16:08

ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи Шурои намояндагони доимии ваколатдори мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки раисии Шуроро имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, ба ҷаласа ҳисоботи раиси Шурои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, интишору тавзеҳи китоб ва полиграфия ва дар бораи фаъолияти Шуро дар давраи солҳои 2020-2023 пешниҳод гардид.

Таъкид гардид, ки яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рушди ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ мебошад, ки он ҳамчун омили муҳими муттаҳидсоз бар асоси умумияти таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои маънавӣ ва арзишии халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил ёфтааст.

Ба ҳайати Шурои байнидавлатӣ роҳбарони мақомоти давлатӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, табъу нашр ва полиграфияи ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсия Русия, ҳамчунин Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ҳуқуқи доштани овози машваратӣ дохил мешаванд.

Шурои байнидавлатӣ тибқи Оинномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, қарорҳои Шурои сарони давлатҳо, созишномаҳои байнидавлатию байналмилалӣ ва Низомнома дар бораи Шурои байнидавлатӣ амал мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ раисии Шуро аз рӯи усули ротатсияи навбатии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба амал омадааст. Ба ин тартиб, раисии Шуроро соли 2020 Ҷумҳурии Беларус, соли 2021 Ҷумҳурии Қазоқистон, соли 2022 Ҷумҳурии Қирғизистон, соли 2023 Федератсияи Русия бар дӯш доштанд. Имсол раисии Шуро ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки яке аз натиҷаҳои муҳими фаъолияти воқеии Шурои байнидавлатӣ- ин ҳамасола баргузор намудани Озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Санъати китоб» мебошад. Ҳадаф аз баргузории озмун таблиғи беҳтарин лоиҳаҳои интишоротӣ, ташвиқу тарғиби беҳтарин дастовардҳо дар соҳаи санъати нашри китоб ва рушди ҳамкорӣ дар заминаи анъанаҳои фарҳангӣ ва маънавӣ мебошад. Инчунин чорабинии дигари он баргузор намудани Озмуни муассисаҳои савдои китоби давлатҳои аъзои Иттиҳод мебошад, ки он бо мақсади тавсеаи ҳамкории байналмилалии паҳнкунандагони китоб ва табодули таҷриба дар ин самт амалӣ мегардад.

Самти дигари фаъолияти Шурои байнидавлатӣ ҳамкорӣ дар доираи баргузории намоишгоҳҳои китоб мебошад, ки он бо мақсади ҷалби ҷомеа ба китобу китобхонӣ ва рушди соҳаи китобдорӣ баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Шурои байнилавлатӣ тибқи қарори Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 4 июни соли 1999 бо мақсади рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеҳи китоб ва полиграфия таъсис дода шудааст.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июль 31, 2024 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд