«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми ин озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр баргузор мешавад

Июль 20, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 20.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» аз нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз  мегардад, ки дар он 525 довталаб  аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок мекунанд. Дар ин хусус   сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо,  дар даври якуми озмун 5302 довталаб иштирок кард, ки аз он 2755 иштирокчӣ ба даври дуюм роҳхат гирифт. Таҳлилҳои ҷамъбасти даври якум нишон медиҳанд, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  860 нафар зиёд аст.

«Айни замон гурӯҳи кории Вазорати фарҳанг ҳуҷҷатҳои даври дуюмро таҳия намуда,  нимаи аввали моҳи август тартиби баргузории даври сеюмро барои мувофиқа, тасдиқ ва баррасӣ ба Комисияи  ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунад ва баъд аз тасдиқ маконҳои баргузории озмун мушахас мегардад»,-афзуд номбурда.

Тибқи иттилои масъулин,  раванди баргузории шашсолаи озмун нишон медиҳад, ки талабот барои иштирок ба озмун сол то сол зиёд мегардад.

Бояд гуфт, ки бо дастури бевоситаи Пешвои миллат ба соҳибони ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг ба таври ройгон бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад.

Тавре дар Низомномаи озмун омадааст:

«Озмун дар се давр гузаронида мешавад:

— даври якум — моҳи апрели соли 2024 дар маркази шаҳру ноҳияҳо;

— даври дуюм — моҳи июни соли 2024 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

— даври сеюм — нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад».

Мақсад аз баргузории озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Дар назар аст, ки чун соли гузашта, 5 октябри соли равон маросими ҷоизасупории озмун ва галаконсерти иштирокчиён доир гардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Июль 20, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад