Вобаста ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма машварати омӯзишӣ доир гардид

Июль 19, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» барои рӯзноманигорон дар мавзуи «Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар машварати омӯзишӣ  муҳимтарин масъалаҳои соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва муносибати кормандони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»  ба онҳо  баррасӣ гардида, доир ба ҷаҳонишавӣ ва нақши воситаҳои ахбори омма дар раванди он, Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот, тадбирҳои қонунӣ ва масъулияти риояи он, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма маърӯза карда шуд.

Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур ин омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҷрибаи миллӣ ва байналмилалии пешгирии ифшои маълумоти дастрасиаш маҳдуд дар воситаҳои ахбори омма мебошад.

 

Акрам Сангзода,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад