ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ ЛИБОСИ МАКТАБӢ. Корхонаҳои маҳаллии шаҳри Хоруғ либосҳои мактабиро пешниҳоди мизоҷон мегардонанд

Июль 31, 2024 18:43

ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 1 август дар Маркази савдои «Нигини Хоруғ» ва Бозори 20-солагии Истиқлолияти шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ярмаркаи фурӯши либоси мактабӣ барои соли хониши 2024-2025 доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд. 

Либоси мактабӣ истеҳсоли корхонаҳои саноатии «Баҳори ишқ» ва «Сандал» буда, бо сифати баланд ва маҳсулоти хушсифат омода карда шудааст.

Тавре  қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, 1 август дар Тоҷикистон қабули хонандагони синфи як барои соли таҳсили 2024-2025 оғоз мегардад.

Тибқи Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, дунусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист талаб  карда мешавад.

Бояд гуфт, ки имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2017 таваллуд шудаанд, ба синфи як мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2018 таваллуд шуда бошад, ба синфи як қабул карда намешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Июль 31, 2024 18:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар