Ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон дар Тоҷикистон ба 57,1 миллион сомонӣ баробар гардид
ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми имсол дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон ба 57,1 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ин нишони рушд ёфтани соҳаи ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ аст. Ҳунармандон бештар ба истеҳсоли маснуоте, ки аз гузаштагонашон ба мерос мондааст, таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд.
Тибқи маълумот давоми шаш моҳи имсол 9291 нафар занону духтарони хонанишин ва шаҳрвандони дигар ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин давра таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва дар се давр Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар ин давра дар маҷмуъ 46 536 шаҳрванд ба даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ҷалб гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 10,9 фоиз ё 4578 нафар зиёд мебошад.
Аз ин ҳисоб тавассути татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 11 880 нафар, тавассути усули худмаблағгузорӣ 25 496 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, малакаи касбии 9160 нафар бо шаҳодатнома тасдиқ карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид






