Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии Русия густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо директори Институти ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Русия Владимир Лопатин вохӯрӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, Қобилҷон Хушвахтзода доир ба рушди дурнамои ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии мамлакатҳои хориҷӣ ибрози андеша намуд.
Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ ҳамкориро бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии Федератсияи Русия дар шароити муосир рушду густариш додааст. Инчунин дар доираи ин ҳамкорӣ мо омода ҳастем, ки дар оянда ҳамкориро бо Институти ҷумҳуриявии илмӣ-таҳқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Русия тақвият бахшида, натиҷаҳои арзишмандро дар зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD ба даст орем.
Мақсад аз ҳамкорӣ дар ин самт рушди моликияти зеҳнӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди инноватсия ва содагардонии низоми моликияти зеҳнӣ мебошад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






