Ҳамкории Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 31 июл Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Таиланд Ардашер Қодирӣ бо муовини Сарвазир ва Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Таиланд Анутин Чарнвиракул мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуда, вобаста ба соҳаҳои амният, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мудирияти ҳолатҳои фавқулода, ҳифзи муҳити зист ва дигар самтҳои ҳамкорӣ табодули афкор анҷом доданд.
Сафири Тоҷикистон инчунин бо муовини Вазири сайёҳӣ ва варзиши Шоҳигарии Таиланд Понпум Випаттипумипратес мулоқот намуд.
Дар мулоқот вазъи кунунии ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Таиланд баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки имконияти ҳамкориро дар самти тарғиби ҳамдигарии мероси фарҳангии ҳар як кишвар, мубодилаи сафарҳои расмӣ, ташкил кардани чорабиниҳо ва форумҳо ҳам дар шакли онлайн ва ҳам ҳузурӣ, ва таҳияи курсҳои омӯзишии соҳаи сайёҳӣ баррасӣ намоянд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






