Аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ зиёда аз 9 миллиард сомонӣ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми имсол аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дохилӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон 9 миллиарду 836 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки 106,7 фоизи иҷрои нақшаи тасдиқшударо ташкил дода, нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 619 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус 8 июл Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бо назардошти ворид намудани тағйирот ба қисми даромади буҷети давлатӣ ба маблағи 73 миллиону 500 ҳазор сомонӣ вобаста ба барзиёд иҷро шудани он дар ин давра нақшаи аниқшуда ба андозаи 105,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет нисбат ба нақшаи муқарраршуда 546 миллиону 300 ҳазор сомонӣ зиёд ворид шуд.
Дар ин давра иҷрои нақшаи аниқшудаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин шуд. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 104,8 фоиз, вилояти Хатлон –100,8 фоиз, вилояти Суғд – 103,6 фоиз, шаҳри Душанбе – 110,9 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ ба 106,7 фоиз расид.
Нусратулло Давлатзода афзуд, ки иҷрои сифатии қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, дар ин давра нақшаи ҳамаи намуди он пурра таъмин гардид.
Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар маҷмуъ 1 миллиарду 198 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол 392 миллиону 500 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Яке аз сабабҳои дар ин давра афзоиш ёфтани маблағи бақияи қарзи андозҳо асосан ҳисоб шудани фоизҳо барои риоя нагардидани муҳлати пардохти андозҳо, дар натиҷаи корҳои назоратӣ барилова ошкор шудани маблағҳои нисбатан калони андозҳо ва аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор надоштани имконияти якбора пардохт намудани ин маблағҳо, инчунин сол аз сол зиёд гардидани қарзи андозҳои корхонаҳои давлатӣ, хоҷагиҳои кишоварзии тухмипарварӣ ва дигар корхонаҳо мебошад.
Бо мақсади тибқи тартиби муқарраршуда рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он дар ин давра аз ҷониби мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор 8,9 ҳазор қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 740 миллион сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои соли 2023 қабулшуда дар маҷмуъ ба буҷет 720 миллион сомонӣ ворид гардид.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






