Барои 22 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Нуробод хонаи истиқоматӣ месозанд

Август 14, 2024 13:43

НУРОБОД, 14.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 22 оилаи зарардидаи ноҳия дар наздикии шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаҳои истиқоматии замонавӣ сохта мешаванд. Ҳоло сохтмон муташаккилона идома дошта, ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидаҳои офати табиӣ сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Нуробод ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ҷалб гардидаанд. Хонаҳо моҳҳои наздик бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуда, ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод иттилоъ доданд.

Ёдовар мешавем, ки 18 майи соли равон дар натиҷаи бориши зиёд ва омадани сел ба 75 манзили зисти хоҷагии деҳоти ноҳияи Нуробод зарари зиёди моддӣ расид. Дар ин рӯз 5 манзили зисти сокинони деҳаи Яхаки Ҷамоати деҳоти Изатулло Ҳалимов пурра ва 2 хонаи дигар қисман хароб гардид. Мутаассифона, дар ин офати табиӣ ду нафар зери сел монда, ба ҳалокат расиданд. Дар умум ба заминҳои наздиҳавлигии 59 хоҷагии деҳаи Яхак сели гуногунҳаҷм ворид гардида, майдони зироати кишоварзӣ ва дарахтони сояафкану мевадиҳандаро хароб намуд. Дар ин сели азим 76 сар чорвои калони шохдор, 354 сар чорвои майда ва 157 оилаи занбӯри асал талаф ёфт.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод сари вақт ба 60 хоҷагии зарардидаи деҳаи Яхак, 14 хоҷагии деҳаи Муҷихарф ва 1 хоҷагии деҳаи Лаби Ҷар 15 тонна орд, 1500 литр равған, 1875 кг нахӯд, 1500 кг шакар, 1850 кг биринҷ, 1500 кг ярмаи ҷав, 1975 кг марҷумак, 3627 кг картошка, 3158 кг сабзӣ, 1500 матрасу болишт, ҷиҳози хоб ва кӯрпа, 300 ҷуфт мӯзаи резинӣ, 300 ароба, 150 бел бо дастааш, 375 каҷбел бо дастааш кумак расонида шуд. Зарардидагон ба ҷойҳои бехавф кӯчонида, бо дастгирии соҳибкорону сокинон ва ноҳияҳои ҳамсоя ба онҳо кумак расонида шуд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 14, 2024 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад