Барои сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Фархор 36 манзили истиқоматӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 12.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор барои сокинони аз офати табиӣ зарардида 36 манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини якуми Раиси ноҳияи Фархор Баҳодур Каримзода иттилоъ дод.
Барои сохтмони манзили истиқоматӣ 18 гектар замин ҷудо гардида, дар айни замон 70 фоизи сохтмон ба итмом расонида шудааст. Сохтмон дар ду баст ҷараён дошта, кӯчаҳои маҳаллаи навбунёд сангфарш гардидаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон кумакҳо, аз қабили семент, арматура, тахта, мавод барои таҳкурсии хонаҳо (сангу шағал), хишт ва дигар маҳсулот дастраси сокинон гардид.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор хати барқи доимӣ ва мошинҳои махсуси обрасон таъмин гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки 25 майи соли 2024 дар натиҷаи боришоти зиёд ва сел дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор якчанд манзили истиқоматӣ зарар дид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






