БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Темур Раҳимов медали биринҷӣ ба даст овард

Август 2, 2024 20:40

ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи ҷудо варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг медали биринҷӣ ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар сабқат барои медали биринҷӣ варзишгари тоҷик бар Анди Гранда аз Куба пирӯз шуд.

Темур дар даври аввал озод буд ва дар марҳилаи дуюм бар Эрик Абрамови олмонӣ ва дар даври сеюм бар Алишер Юсупови узбекистонӣ ғолиб омад.

Ӯ дар даври нимниҳоӣ аз Теди Ринери фаронсавӣ шикаст хӯрд.


Бояд тазаккур дод, ки аз 6 аъзои ҳайати ҷудои Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ Сомон Маҳмадбеков дар вазни + 81 кг ба гирифтани медали биринҷӣ шарёб гардид. Барои ҷудочиёни дигар, аз ҷумла Эмомалии Нуралӣ (+ 66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (- 73 кг), Комроншоҳи Устопириён (- 90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (- 100 кг) мусобиқа бе натиҷа анҷом ёфт.


Ҳамчунин шаби 1 ба 2 август муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар риштаи бокс бар Ҷек Марлии  ирландӣ бо ҳисоби калони 4:1 пирӯз гардида, ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифт.

Муштзани тоҷик дар ин давр бо варзишгари узбекистонӣ вориди ринг мешавад.


Ёдовар мешавем, муштзаноне, ки ба марҳилаи нимниҳоии Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар риштаи бокс мебароянд, аллакай ҷоизадори ин мусобиқа мебошанд.

Ду муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов ва Мижгона Самадова дар марҳилаи аввал аз рақибонашон шикаст хӯрданд ва аз идомаи иштирок дар мусобиқа маҳрум гаштанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 2, 2024 20:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Кӯлоб барномаи бошукуҳи варзишию фарҳангӣ доир шуд
Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун беш аз 2600 медал ба даст оварданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шаҳринав Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид