Дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт хати оби тозаи нӯшокӣ кашида мешавад
РАШТ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони деҳаи Шули ноҳияи Рашт ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ободии деҳаю таъмини оби тозаи нӯшокӣ ба ҳар сокини деҳа ба сохтмони хати оби нӯшокӣ, ки 35 километрро дар бар мегирад, оғоз намуданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ тариқи ҳашарҳои дастҷамъонаи сокинон дар 20 километр иҷро гардидааст. Ҳамчунин барои корҳои ҳамворкунӣ ва кандани хати оби нӯшокӣ ҷавонони ватандӯсти деҳаи Шул техникаи замонавӣ хариданд, ки барои сари вақт ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ мусоидат менамояд. Бояд гуфт, ки дар ин кори хайр соҳибкорон ва шахсони саховатпеша низ кумак мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорону сокинони ноҳия бунёд ва ба истифода додани 307 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз 258 иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки 84 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмониву навсозӣ идома дошта, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд






