Дар деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим сел омад
ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 август, соати 17:30 дар деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво сел омада, ба хонаҳои истиқоматии сокинон зарар расонд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.
Гуфта шуд, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фавран бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ комиссияи вилоятӣ таҳти роҳбарии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис ёфта, барои бартарафсозии пайомадҳои ин ҳодисаи нохуш техникаву механизмҳои зарурӣ ҷалб шуданд. Аҳолии аз офати табиӣ зарардида ва зери хавф қарордоштаи деҳа тибқи супориши Сарвари давлат ба ҷойи бехавф кӯчонида шуд.
Бар асари ин офати табиӣ хонаҳои истиқоматии деҳа зарар дида, ҳолати фавт сабт нашудааст. Дар маҷмуъ дар деҳаи Зуванг 111 хоҷагӣ бо шумули 968 нафар истиқомат намуда, масоҳати замини кишт 33 гектарро ташкил медиҳад. Аз 14 гектар замини наздиҳавлигии сокинон 8 гектар замини зери кишти картошка қарордошта пурра хароб гардид. Инчунин дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ зиёда аз 4 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ корношоям гардид.
Ёдовар мешавем, ки Зонг аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳияи Ишкошим буда, дорои 5 деҳа, 6 ҳазор аҳолӣ ва 600 хоҷагӣ мебошад. Ин мавзеъ аз сатҳи баҳр дар баландии зиёда аз 2 ҳазору 800 метр қарор дорад.
АКС: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






