Дар Душанбе Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор мешавад

Август 1, 2024 13:44

ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7- 8 август дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Дар доираи ин ҷаласа Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Бойгонии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо дар ҷомеаи муосир: раванди мубрами рушд» доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» корманди Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Аҳмадҷонова иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7 август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Бойгонии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо дар ҷомеаи муосир: раванди мубрами рушд» 8 август дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Дар доираи баргузории ин чорабинӣ, саёҳати меҳмонон-иштирокдорони ҷаласа ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбею Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки вазифаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати риояи қонунгузорӣ оид ба кори бойгонидорӣ ва коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳоро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон иҷро менамояд ва ба рушди минбаъда ва такмили кори бойгонидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.

Бойгонӣ яке аз қисмҳои таркибӣ ва ҷудонашавандаи сохтори давлатӣ ва манбаи асосии нигоҳдории далелҳои ҳуҷҷатӣ мебошад, ки далелҳои раднашавандаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ифода менамоянд. Ҳуҷҷатҳои дар бойгониҳо маҳфузбуда ҳамчун хазинаи гаронбаҳо ва ифодакунандаи воқеаҳои таърихӣ аз насл ба насл гузашта, ба сифати далелҳои боэътимод хизмат менамоянд.

Самти фаъолияти бойгонӣ ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳо буда, моҳияти бойгонӣ таъмини ҷомеа бо иттилооти тарҷеҳист.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000 «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ дош­тани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо», ташкилоту идораҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, вазифадор шудаанд, ки бо гузашти муҳлатҳои дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштан, ҳуҷҷатҳояшонро ба бойгониҳои байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии шаҳру ноҳияҳо ва бойгониҳои давлатии ҷумҳурӣ супоранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Август 1, 2024 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд