Дар Душанбе ба хотири ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 14.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз, соати 19:00 дар Муассисаи давлатии «Аҳорун» ба хотири ҷоизадорони Бозиҳои олимпии Париж-2024 барномаи бошукуҳи фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Маҳфил ба хотири арҷ гузоштан ба корнамоиҳои варзишгарони тоҷик ва баланд бардоштани Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ- Бозиҳои олимпии Париж-2024 доир мешавад.
Тадбирҳои шоиста ва сазовор дар самти таҷдиду навсозӣ ва бунёду ба истифода додани якчанд маҷмааву варзишгоҳҳо дар тамоми манотиқи мамлакат нишони таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат дар ин самт мебошанд. Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва эҳёи намудҳои варзиши миллӣ нишони он аст, ки дастгирӣ ва рушд бахшидани соҳаи варзиш як қисми сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллатро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҳаводорону дӯстдорони варзиши тоҷик дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо руҳияи баланди тоҷикона ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро, ки аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 бо дастоварди олимпӣ ба Ватан баргаштанд, пешвоз гирифтанд.
Дар идома дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024-ро, ки бо медалҳои биринҷӣ ба Ватан баргаштанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва туҳфаҳо ба дорандагони ҷоизаҳои олимпӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ ҳузур доштанд.
Ба се нафар ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ — Давлат Болтаев, Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов калиди хонаҳо тақдим гардид, ки дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.
Имрӯз дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ҳар ҷоизадори бозиҳои олимпии Париж соҳиби мукофоти давлатӣ — Ордени Шараф дараҷаи II, 200 ҳазор сомонӣ — Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонаи истиқоматӣ ва мошини муосири барқӣ гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






