Дар Остона нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остона иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии Осиёи Марказӣ масъалаҳои марбут ба тақвияти иртиботи сиёсӣ ва рушду таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту рушди инфрасохтор, технология ва коммуникатсия бо таваҷҷуҳ ба зарфияти иқтисоди «сабз», инчунин равобити фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин оид ба рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақа табодули афкори судманд намуданд.
Вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи рӯзнома ва номгӯйи ниҳоии ҳуҷҷатҳои вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро мувофиқа намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






