Дар Панҷакент сохтмони бинои муассисаи таълимие, ки бар асари сел зарар дида буд, идома дорад

Август 13, 2024 15:34

ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и деҳаи Порвени Ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент, ки бар асари сел зарар дида  буд, бинои нав бунёд мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Бино барои 480 хонанда дар ду баст, хонаи омӯзгорон, биноҳои ёрирасон ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шуда, ҳоло сохтмон аз ҷониби бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Су-3» идома дорад.

Бино бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати хуб сохта, ба истифода дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Август 13, 2024 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад