Дар шаҳри Гулистон озмуни вилоятии «Зеби дастархон» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд даври шаҳрии озмуни вилоятии «Зеби дастархон» баргузор шуд, ки дар он ҷамоати шаҳракҳо ва дигар муассисаҳо иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.
Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода зимни суҳбат иброз намуд, ки ҳадафи озмун татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё ва рушди суннату анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, оростани дастархон буда, имконият фароҳам меорад, ки бо истифодаи сарфакоронаю моҳирона сифати дастархонороӣ дар тӯю маъракаҳо беҳтар гардад.
Таъкид гардид, ки мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз соҳиби расму оин ва маросими гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд.
Ғайрат Оқилзода аз он изҳори таассуф намуд, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, давоми асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид кардаанд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти маънавии онҳо аз байн рафта, ба маросими мушкилу маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфтаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баробари ҳадафҳои иқтисодӣ ба баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории мамлакат низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорон ҷавон нақши мусбат мегузорад.
Баргузор намудани озмуни шаҳрии «Зеби дастархон» бори дигар ба баланд бардоштани маърифати дастархонороии мардуми мо мусоидат мекунад.
Пас аз натиҷагирӣ ғолибон муайян гардида, бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






