Дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд

Август 2, 2024 09:53

ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 август дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт»-и Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ.

Дар кори ҷаласа ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳобзода оид ба фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуда, масъалаҳои дигари рӯзнома низ баррасӣ гардиданд. Тибқи муқаррарот, раиси ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт» бо тарафдории аъзои ҳизб боз Темурҷон Абдулваҳобзода интихоб шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба низоми давлати демократию дунявӣ, нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат, вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дар ин замина иштироки шаҳрвандон  дар ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ, пешгирӣ аз хурофот, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷомеа ва нақшу мақом ва масъулияти аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Иброз гардид, ки ҳизб давоми фаъолият тавонист ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавиашро дар тамоми ташкилоти ҳизбӣ татбиқ намуда, мавқеъ ва нуфузи худро байни мардум боло бардорад.


Таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсис барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки ҷумҳурӣ аст.

Дар ҷаласа намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Розиқ Нурзод оид ба нақши аҳзоби сиёсии мамлакат дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.

Дар фарҷом як зумра аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии «Тоҷикстандарт», ки дар амалигардонии барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ва шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ

Август 2, 2024 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд