Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барандаи ҷоизаи «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» дар бахши илм ва инноватсия гардид

Август 15, 2024 11:15

ДУШАНБЕ, 15.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи курси дуюми факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зоир Насруллоев барандаи ҷоизаи «Беҳтарин донишҷӯи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-2023» дар бахши илм ва инноватсия гардида, бо дипломи дараҷаи I, шаҳодатнома ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ» мукофотонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Озмуни байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуда, донишҷӯи тоҷик дар он ғолиб омад. Озмуни байналмилалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои муайян намудани беҳтарин донишҷӯ байни донишгоҳҳои олии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи бахшҳои илм, инноватсия ва дигар самтҳо баргузор гардид.

Зоир Насруллоев хатмкардаи Литсейи давлатии «Нурбахш»-и шаҳри Норак буда, дар давраи таҳсил дар литсей гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стипендияи Раиси шаҳри Норак, стипендияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ғолиби чанд озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ буд.Соли 2022 ӯ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, ҳоло дар курси 2-юм таҳсил дорад.

Зоир Насруллоев имсол дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, дар даври ниҳоии он соҳиби мақоми ифтихорӣ шуд. Вай дар баробари таҳсил дар Идораи барномаи «Субҳ»-и Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ фаъолият дорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 15, 2024 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид