«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имрӯз даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 15.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 27 август дар Тоҷикистон даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар даври якуми озмун 251 ҳазору 266 довталаб иштирок намуд, ки нисбат ба соли 2023 11 ҳазору 609 нафар зиёд гардида, теъдоди иштирокчиён аз ҳисоби хонандагони синфҳои 1-5 афзудааст. Аз шумораи умумии 251 ҳазору 266 иштирокчии даври аввали озмун 49 ҳазору 267 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 2216 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии 49 ҳазору 267 иштирокчии даври дуюми озмун ба даври сеюм 3716 довталаб роҳхат гирифт.
Ёдовар мешавем, соли шашум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2024 баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат баргузор мегардад.
Тибқи дастури Пешвои миллат, соли 2024 низ барои иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он довталабони даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат бе озмун ба гурӯҳҳои ройгон қабул мешаванд.
Имсол барои ҳавасмандсозии иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Шоҳҷоиза»-и он аз 1 ба 4 адад зиёд гардид, ки ин бо назардошти хусусияти синнусолии кӯдакону наврасон мебошад, зеро барои онҳо дарёфти «Шоҳҷоиза», ки хондан ва аз бар намудани 70 фоизи осори назмиву насриро аз рӯи чор номинатсия дар бар мегирад, каме душвор буд. Ҳамзамон шумораи ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба 126 нафар расид, ки дар маҷмуъ 130 нафар ғолибонро ташкил медиҳад.
Ба номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон» тағйирот ворид гардида, номи номинатсия ба «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» табдил дода шуд. Ин номинатсия яке аз бахшҳои фаъолтарини озмун ба ҳисоб меравад, зеро довталабони он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Бо инобати ин имсол ин номинатсияро ба се гурӯҳ ҷудо намуданд: гурӯҳи якум- хонандагони синфҳои 1 то 4, гурӯҳи дуюм- хонандагони синфҳои 5 то 8 ва гурӯҳи сеюм- хонандагони синфҳои аз 9 то 11 ва 10,11-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошанд.
Бо назардошти тағйироти воридшуда имсол маблағи умумии мукофоти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 миллиону 570 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023 695 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки «Шоҳҷоиза»-и озмун соли 2023 бо маблағи 70 ҳазор сомонӣ насиби донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Тоҳирӣ гардида буд.
«Шоҳҷоиза» ва маблағи 70 ҳазор сомонии озмун соли 2022 ба хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Данғара Шаҳло Сайдалиева сазовор дониста шуд.
Соли 2021 бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи Низомномаи озмун ягон нафар ба дарёфти «Шоҳҷоиза» муносиб дониста нашуд.
Ҳамзамон соли 2020 тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон «Шоҳҷоиза»-и озмунро Раъно Насриддинова — хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент соҳиб шуд. Ба ғолиби «Шоҳҷоиза» Диплом ва 60 000 сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим гардид.
Соли 2019 «Шоҳҷоиза»-и озмунро Бунёд Раҳнамо сазовор гардид.
Ғолиби озмун аз рӯи чор номинатсия хонандаи муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо дониста шуда, ба ӯ Шоҳҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии «Осиёи Марказӣ–Иттиҳоди Аврупо» иштирок намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳраки Ҳисор бо маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ кӯдакистон бунёд мегардад
Дар Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор шуд
Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз меёбад
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Синзяни Чин созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид






