Имсол дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор хонандагон ба синфи якум мераванд
ДУШАНБЕ, 10.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ҷумҳурӣ 260 ҳазор кӯдакон ҳамчун хонандаи синфи якум ба мактаб мераванд, ки 125 ҳазорашро духтарон ва 135 ҳазорашро писарон ташкил медиҳанд. Ин матлабро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 7 август зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ қабули хонандагон ба мактаб дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мориф», банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат амалӣ мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми мамлакат итилоъ доданд, имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2017 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2018 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.
Дар соли нави хониш дар ҷумҳурӣ тибқи нақша 138 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 29 ҳазору 968 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешавад. Бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва биноҳои иловагӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохта мешаванд.
Инчунин то охири имсол дар мамлакат 218 иншоот барои 42 ҳазору 984 ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор мегирад.
Имсол сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 73 ҳазору 962 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, то охири сол қисми зиёди ин иншоот мавриди истифода қарор дода мешаванд.
АКС аз бойгонӣ








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






