Иштирокчиёни Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон Қалъаи Ҳисорро тамошо намуданд

Август 2, 2024 11:10

ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон 1 август пас аз анҷоми Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон баҳри тамошои мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ба шаҳри Ҳисор рафтанд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, меҳмонон Осорхонаи Қалъаи Ҳисорро тамошо карда, бо фарҳанги қадимии халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд. Онҳо дар ин осорхона бо намунаи либосҳои мардонаву занонаи қадимии миллати тоҷик, асбоби рӯзгор ва дигар маҳсули ҳунарҳои мардумӣ шинос шуда, иброз доштанд, ки ин ёдгориҳо бозгӯи бо ҳам қаробат доштани урфу одат ва анъанаҳои миллатҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

Таъкид шуд, ки миллати тоҷик дорои тамаддуни ҷаҳонӣ буда, чеҳраҳои оламшумули он бо осору ҳунарҳои нодир дар пешрафти маданияти халқҳои гуногуни дунё нақши муҳим гузоштаанд.

Меҳмонон аз дидану шунидани таърихи ин мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, табиати афсункор, ҳавои мусоид, меҳмоннавозии мардуми тоҷик ба ваҷд омада, ба давлату Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, рушди бесобиқаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум таҳсин гуфта, дар китоби Ёддошти Осорхонаи таърихӣ андешаҳояшонро сабт намуданд.

Ҳамчунин ба меҳмонон аз ҷониби гурӯҳи ҳунармандони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид. Зимни он роҳбарияи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба меҳмонон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи миллии таърихиеро, ки бозгӯи бостонӣ будани шаҳри Ҳисор аст, дар фазои дӯстиву рафоқати ду миллати дӯст тақдим намуданд.

Ҳамчунин соҳибкорзанони ватанӣ ба меҳмонони форум армуғонҳои миллиро, ки аксаран ҳунарҳои дастӣ буданд, туҳфа намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки 1 август таҳти унвони «Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳимоя аз зӯроварӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, шахсони масъул оид ба тавонмандсозии ҳуқуқ ва имконияти занону духтарон, роҳбарони бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, масъулон оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, олимон, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорзанон, ташкилот оид ба тавонмандсозии ҳуқуқ ва имконияти занону духтарони ҳарду давлат иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи аслии форум мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва усулҳои амалияи муваффақ, коркарди лоиҳаҳо ва иқдоми муштарак мебошад, ки ба баланд бардоштани мавқеи занони ҳарду давлат равона гардида буд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 2, 2024 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад