Маркази миллии патенту иттилоот 447 тамғаи молиро сабт намудааст

Август 8, 2024 17:32

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали имсол дар робита ба бақайдгирии миллии тамғаҳои молӣ 447 тамғаи молиро сабт намуд, ки ин шумора нисбат ба давраи ҳисоботӣ 139 адад бештар мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин марказ хабар медиҳад.

Аз 447 аризае, ки ворид шудааст, 240 ариза ба аризадиҳандагони миллӣ ва 207 ариза ба аризадиҳандагони хориҷӣ рост меояд.

Дар шашмоҳаи аввали имсол ба муассиса 56 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ ворид гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 22 адад зиёд аст. Аз шумораи умумии аризаҳо 26 адад ба шахсони ҳуқуқии миллӣ ва 30 адад ба шахсони воқеии миллӣ тааллуқ дорад.

Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ба аризадиҳандагон 556 ҳуҷҷати объектҳои моликияти саноатӣ дода шудааст, ки аз шумораи умумии ин ҳуҷҷатҳо 48 ададро нахустпатент ба ихтироъ, 236 ададро шаҳодатномаи муаллифӣ ба нахустпатент, 261 ададро шаҳодатнома ба тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ ва 11 ададро шаҳодатнома ба тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ вобаста ба гузашт намудани ҳуқуқ ташкил медиҳад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки 20-22 июни имсол бо ташаббус, мусоидат ва ҳамоҳангсозии Маркази миллии патенту иттилоот 6 зани ихтироъкори мамлакат тариқи маҷозию ҳузурӣ дар Намоишгоҳи 17-уми байналмилалии ихтирооти занҳои ихтироъкор дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея иштирок карданд. Дар натиҷа ихтирооти онҳо сазовори 3 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ дониста шуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 8, 2024 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд