НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ дар шаҳри Турсунзода ба 2 миллиарду 428,6 миллион сомонӣ расидааст

Август 3, 2024 14:40

ТУРСУНЗОДА, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ дар шаҳри Турсунзода ба 2 миллиарду 428,6 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 492,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноат 59,8 фоиз, кишоварзӣ 4,3 фоиз, сохтмон 2,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 9,8 фоиз ва соҳаи савдо 22,3 фоиз зиёд гардидааст. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода баён намуд.

Дар айни замон дар шаҳри Турсунзода 94 корхонаи саноатию истеҳсолӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 10 корхона зиёд мебошад. Аз шумораи умумии корхонаҳо 9 адади он мавсимӣ буда, имрӯзҳо ба фаъолият оғоз намудаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи имсол 830,7 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 310,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон бунёди 439 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин 22 иншооти саноатӣ, 98 иншооти соҳаи маориф, 31 иншооти соҳаи тандурустӣ, 28 иншооти варзишӣ, 7 иншооти хизматрасонии маоишӣ, 55 иншооти маркази хизматрасонӣ ва савдо, таъмири роҳҳои автомобилгард дар 42 мавзеъ, 19 сардхонаю гармхона, таъмини оби нӯшокӣ дар 7 мавзеъ ва 118 иншооти таъйиноти гуногун мебошанд. То имрӯз 205 иншоот, аз ҷумла 30 иншоот дар соҳаи маориф, 18 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 12 иншооти варзишӣ, 41 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 10 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ, таъмири роҳ дар 33 мавзеъ, 5 сохтмони пул, 6 сардхона, 2 гармхона, кашидани хати оби нӯшокӣ дар 4 мавзеъ ва 44 иншооти гуногун ба маблағи 193 миллиону 119,6 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст. Дар 149 иншооти боқимонда сохтмон бомаром идома дорад.

Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти оиладорӣ, нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон аз парокандашавӣ ва мусоидат ба шуғли онҳо дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҳисоби фаъолон, занони рӯзгордидаву собиқадор комиссияи доимӣ фаъолият менамояд. То имрӯз аз 49 оилаи бо баҳси оилавӣ ба он муроҷиатнамуда 24 оила аз парокандашавӣ эмин нигоҳ дошта шуд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад