НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз 900 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст

Август 2, 2024 14:40

ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали имсол аз Тоҷикистон ба маблағи 997 миллиону 800 ҳазор доллар маҳсулоти ватанӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  319 миллиону 200 ҳазор  доллар ё 47 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода иттилоъ дод.

Директори агентӣ афзуд, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ дар ин давра 969 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  314,5 миллион доллар ё ин ки 48,1 фоиз зиёд гардидааст. Маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 77,1 ҳазор тонна ба маблағи 28,8 миллион доллар содирот шуда,  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 миллион доллар ё 19,5 фоиз зиёд мебошад.

«Агентӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд баҳри зиёд намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ тавассути таъсиси марказҳои тақсимоти яклухти маҳсулот ва корхонаҳои муштарак барои харид, захира, бандубаст, маҷмааҳои анбори нигоҳдории маҳсулот, аз ҷумла анбори сард нигоҳ доштани маҳсулот, минтақаҳои омоданамоии пешазсодиротии маҳсулот, истгоҳи мошинаҳои боркаш ва содироти минбаъдаи маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар робита ба ин, қарори Раиси ноҳияи Ҷайҳун оид ба ҷудо намудани қитъаи замин дар масоҳати 1,7 гектар аз ҳисоби заминҳои таъйиноти саноатӣ барои бунёди парки технологию логистикӣ қабул гардида, ҳоло масъалаи тарҳрезии инфрасохтори ин иншоот амалӣ шудааст»,-гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.

Иброз гардид, ки бо мақсади коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураҳои табиӣ дар мавзеъҳои ҷойгиршавии боғоту токзор, инчунин минтақаҳои парвариши сабзавот, кам кардани талафоти ҳосили ғундоштаи маҳсулот Агентии содирот бо ширкати бонуфузи  «Kreuzmayn Maschinenbau GmbH»-и Австрия аз рӯи масъалаи ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани корхонаҳои сайёри истеҳсолӣ, ки дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳамто надоранд, кор мебарад.

Технологияи муосир имкон медиҳад, ки таҷҳизот пай дар пай ба ноҳияҳои дурдасти мамлакат тавассути ядакҳои нақлиётӣ расонида шуда, дар ҷояш коркард ва резиши маҳсулоти тайёрро ба зарфҳои ассептикӣ анҷом диҳад. Маҳсулоти истеҳсолшуда босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ба таъмини талаботи бозори дохилӣ ва содироти минбаъдаи он ба хориҷи ҷумҳурӣ равона мешавад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2024 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд