НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дороии «Амонатбонк» 7,9 миллиард сомонӣ афзудааст

Август 2, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ Ховар/. Дороиҳои Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шашмоҳаи аввали имсол 7,9 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои бонк 7 миллиард сомониро ташкил додаанд, ки нисбат ба хамин давраи соли 2023 мутаносибан  20,9 ва 21,4 фоиз зиёд мебошанд. Дар ин хусус Раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон  иттилоъ дод.

Пардохтпазирии бонк дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта шуда, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои  дахлдор  гузаронида шуданд.

Таъкид шуд, ки дар шашмоҳаи аввали имсол  сармояи бонк  ба 919,1 миллион  сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  17,3 фоиз афзудааст.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки фонди «Амонатбонк» 69,5 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли  2023  20,4 фоиз бештар мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид