НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол ба хориҷи мамлакат 53 ҳазор тонна пахта содирот гардид

Август 8, 2024 08:36

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол 53 ҳазор тонна пахта ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст. Аз ҷумла, аз вилояти Хатлон 30 ҳазор тонна бо арзиши 56 миллион доллар содирот гардид, иттилоъ дод Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода 7 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.

Дар шаш моҳи имсол 31 ҳазор тонна пахта ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки дар Тоҷикистон оид ба коркарди пахта дар дохили мамлакат Стратегия қабул гардидааст. Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакат ба корхонаҳо имтиёзи андозӣ додааст, то пахта дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард карда шавад. Ҳамасола дар дохили Тоҷикистон то 25 ҳазор тонна пахта коркард шуда, боқимондаи он содирот мегардад.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки содироти мол дар моҳҳои январ-июни соли 2024 997,8 миллион долларро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 47,1 фоиз ё 319,3 миллион доллар зиёд аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2024 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд