ОГОҲӢ! Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад

Август 12, 2024 16:46

ДУШАНБЕ, 12.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13-15 август дар якчанд ноҳияи кӯҳии ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва наҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел эҳтимол дорад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёт намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Бар асари ҳавои номусоид сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ баланд мешавад. Инчунин сангрезиш ва лағжиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

Кумита аз сокинон хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳое, ки эҳтимоли лағжиши тарма ва регу санг доранд, худдорӣ намоянд. Рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини гиёҳҳо, ҳезум, шикор ва ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ маслиҳат дода намешавад.

Сокинон бояд каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳои назди манзили зисташонро сари вақт тоза кунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба ронандагон ёдрас менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддӣ риоя намоянд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 12, 2024 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»