Роҳбарони хадамоти бойгонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо таъриху тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуданд

Август 8, 2024 13:32

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Барои роҳбарони хадамоти бойгонии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сайри осорхонавӣ ташкил гардид. Меҳмонон зимни тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Меҳмонон аз истиқболи самимӣ ва муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги халқи тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташонро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ навиштанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Август 8, 2024 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд