Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ дар Маркази хизматрасонии «Дунёи ош»-и шаҳри Душанбе шинос шуданд

Август 23, 2024 12:21

ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и пойтахт аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд.

Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили полезиҳо, меваҷот ва сабзавоти тару тоза ба маъраз гузошта шуд.

Илова бар ин, дар доираи намоишгоҳ маҳсулоти нонӣ, аз ҷумла нону кулчаҳои гуногуни кадбонуҳои ҳунарманд, пешкаши меҳмонон гардид.

Дар маркази хизматрасонии “Дунёи ош” Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо таомҳои миллӣ, ба мисли намудҳои мухталифи ош, ки аз ҷониби ошпазҳо бо санъати баланд омода карда шуда буд, шинос шуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо, аз қабили намоишгоҳҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва дигар тадбирҳои муҳим агар аз як ҷониб шиносоии фарҳанги пурғановати бостонии тоҷикон ва муаррифии дастовардҳои ин миллати тамаддунофар дар солҳои соҳибистиқлолӣ бошад, аз дигар тараф омили муҳими таҳкими дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистон ва Қазоқистон аст, ки бо ирода ва дастгирии бевоситаи сарони ду давлат амалӣ мешавад.

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош” дар шаҳри Душанбе 23.08.2024

Август 23, 2024 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон