ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст

Август 23, 2024 08:00

23 августи соли 2001 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ»-ро қабул намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Ашқобод аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар фазои тантанавӣ бо мукофоти олии давлатӣ -ордени Президенти Туркманистон- Битараплик (Бетарафӣ) сарфароз гардонида шуданд.

***

23 августи соли  2012 Созишнома байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Туркманистон дар бораи ҳамгироӣ дар мубориза бо қонунигардонӣ ва расмикунонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм бадастомада ба имзо расид.

***

23 августи соли 2021 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи ғайринавбатии Шурои амнияти дастҷамъӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

***

23 августи соли 2022 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид. Дар ҷараёни суҳбати дӯстона сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазам ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия, ҳамчунин дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро дар чаҳорчӯби шарикии стратегӣ баррасӣ намуданд.

***

23 августи соли 2023 Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030   такмил дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», профессор Абдулҳамид Қаюмов хабар дод.

23 АВГУСТ:

Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ғуломфурӯшӣ ва маҳви он.

***

Дар Беларус – Рӯзи кормандони омори давлатӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Парда Ҳабиб, соли 1962— рӯзноманигор, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2008), дорандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (2009); медали «Хизмати шоиста» (2014); Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон.

Август 23, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, сешанбе, 233-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, душанбе, 232-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, якшанбе, 231-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, шанбе, 230-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, ҷумъа, 229-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, панҷшанбе, 228-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, чоршанбе, 227-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, сешанбе, 226-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, душанбе, 225-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, якшанбе, 224-умин рӯзи соли 2024 аст