ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 август, шанбе, 216-умин рӯзи соли 2024 аст

Август 3, 2024 08:00

3 августи соли 1980 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими хотимаёбии бозиҳои XXII олимпии тобистона баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тарҳи навашро бо забони арабӣ фаъол намуд. Дар айни замон тарҳи мазкур ба монанди тарҳҳои сомона ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфоти форсӣ бо назардошти сохти навтарини сомонасозӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии сомонаҳои иттилоотӣ фаъолият дорад.

***

3 августи соли 2016 масоили вақт ва дурнамои муносиботи гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Фаронса, махсусан дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.

***

3 августи соли 2021 дар шаҳри Ҳисор Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бинои шуъбаи назорати метеорологии Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

***

3 августи соли 2022 дастаи мардонаи Тоҷикистон дар даври 5-уми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон бар дастаи Суринам бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.

***

3 августи соли 2023 дар доираи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» аз шарикони рушди швейтсариягӣ ду стансияи инноватсионии муосир — Campbell Science CR1000X ва Campbell Science CR6-ро, ки барои омӯзиши пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хос доранд, дастрас намуд.

3 АВГУСТ:

 

Дар Нигерия – Рӯзи истиқлол.

 

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Алимуҳаммад Муродӣ-соли 1945— Шоири халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

 

Август 3, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад