ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ беш аз 350 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Мастчоҳ имсол 352,4 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 беш аз 82 тонна зиёд буда, мутаносибан 130 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ доданд.
Омили асосии зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли гӯшти паранда- ин ба фаъолият оғоз кардани 4 фабрикаи нави парандапарварӣ давоми як соли охир мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар ноҳияи Мастчоҳ 22 корхонаву фабрикаи парандапарварӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 446 ҳазору 765 сар паранда парвариш меёбад. Аз 22 корхонаю фабрикаи парандапарварӣ 10 адади он ба истеҳсоли тухм ва 12 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда нигаронида шудааст.
Тибқи иттилои масъулини соҳа, дар ин давра дар ноҳия истеҳсоли тухми паранда 26 миллиону 535 ҳазор донаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 беш аз 9 миллион дона кам мебошад.
АКС аз бойгонӣ








Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолити давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд






