Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 05.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика дар мулоқоти маҷозии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири навтаъйини энергетикаи Федератсияи Русия Сергей Сивилёв баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамроҳшавии Русия ба Созишнома дар бораи кори мувозии низомҳои энергетикии Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд. Сергей Сивилёв гуфт, ки ин иқдом имкон медиҳад, ки ҳамкории Русия бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи энергетика густариш ёбад.
Изҳори итминон карда шуд, ки давлатҳо минбаъд низ дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимоди ҳамдигар ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро густариш медиҳанд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон










РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд






