1 октябр дар Истаравшан Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 29.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар Боғи фарҳангии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ «Озар» ифтитоҳ мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иттилоъ медиҳад.
Ҳамчунин 2 октябр дар ин макон намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандони ватаниву хориҷӣ доир мешавад.
Дар ҳошияи фестивал намоиши маҳсули дасти ҳунармандони давлатҳои аъзои Шурои умумиҷаҳонии ҳунармандӣ, ҳунармандони шаҳри Истаравшан ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, маросими супоридани Шаҳодатнома ба шаҳри Истаравшан ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ», шиносоӣ бо мавзеъҳои таърихиву растаҳои ҳунармандон ва Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дар назар аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






