33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиши идона баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат, дастгириву таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни ҳамоиши идонае, ки бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита хабар доданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод иброз дошт, ки дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат тадриҷан рушд ёфта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Пешвои миллат сайёҳиро самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ намуда, барои пешрафти он ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.
Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гардидааст, ки мояи ифтихори ҳар шаҳрванди тоҷик аст.
Дар ҳамоиш аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, ин нуктаи муҳим иқтибос оварда шуд: «Яке аз муҳимтарин дастоварди мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ дорад».
Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа Нурулло Оқилзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни ҳамоишро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуд. Ба як гурӯҳ кормандон мукофоти давлатӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ супорида шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд






