35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ бо мақсади солимгардонӣ майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 7, 2024 14:16

ДУШАНБЕ, 08.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Похути Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ дар масоҳати 1152 метри мураббаъ  бо 200 ҷойи нишаст майдончаи варзишӣ бунёд гардид, ки ба бозии футболи хурд нигаронида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд.

Варзиш дар ҳама давру замон беҳтарин василаи муаррифи давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, маҳз тавассути машғул гардидан ба он ва оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ наслҳои солиму тавонманд ба камол расида, дар пешрафти ҷомеа нақши арзишманд мегузоранд.

Бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.

Дар иртибот ба ин роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ оид ба бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди ноҳияи кӯҳистони Айнӣ тадбирҳои муассиру созандаро вусъат бахшида, оммавигардонии варзиш, ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди варзишро давра ба давра амалӣ менамоянд.

Ҳоло бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳияи Айнӣ   созандагӣ ва бунёдкорӣ идома доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Сентябрь 7, 2024 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд