4 сентябр дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китоб доир мегардад
ДУШАНБЕ, 02.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи китоб — 4 сентябр дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китоб доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.
Аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз доштанд, ки «бо назардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб таҷлил карда шавад».
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ 72 китобхонаи марказӣ, 7 китобхонаи вилоятӣ ва 64 маҷмуи китобхонаҳои марказонида фаъолият мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






