Ҳаҷми гардиши савдо дар ноҳияи Рашт ба 73 миллиону 248 ҳазор сомонӣ баробар шуд
ДУШАНБЕ, 13.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ – июни соли 2024 ҳаҷми гардиши савдо дар ноҳияи Рашт ба беш аз 73 миллиону 248 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 5 миллиону 761 ҳазор сомонӣ ва ё 4,9 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ин давра ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 36 миллиону 552 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 зиёда аз 260 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар 6 моҳи имсол нишондиҳандаи ҳаҷми боркашонӣ ва гардиши бор тавассути нақлиёти автомобилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мутаносибан ба андозаи 1,2 фоиз ва 1,3 фоиз зиёд гардидааст.
Ҳамзамон дар чор моҳи аввали имсол нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 дар ноҳия мусофиркашонӣ ва гардиши мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ мутаносибан 1,5 фоиз ва 1,0 фоиз афзоиш ёфтааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






