Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии фармасевтӣ ва тандурустии «IPHEX-2024» иштирок намуд

Сентябрь 4, 2024 16:06

ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28-30 августи имсол дар шаҳри Ноидаи Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҷониби Вазорати тиҷорат ва саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон Намоишгоҳи 10-уми байналмилалии фармасевтӣ ва тандурустии «IPHEX-2024»  баргузор гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 5  нафар  иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоишгоҳ зиёда намояндагони ширкату корхонаҳо аз 100 давлати ҷаҳон иштирок доштанд. Ширкатҳои мухталифи Ҷумҳурии Ҳиндустон маҳсулоти дорувории истеҳсоли  худро ба намоиш гузоштанд. Инчунин қариб 10 000 нафар меҳмонон ин намоишгоҳи муҳими байналмилалиро тамошо намуданд.

Дар намоишгоҳи байналмилалӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо роҳбарони якчанд ширкати истеҳсолкунандаи дору вохӯрд. Ҳамзамон ба шаҳри Чадигарх сафар намуда, бо якчанд корхонаи истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ шинос шуда, шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Намояндагони ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон барои  иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон 2024, ки 24-26 октябри имсол аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад, даъват шуданд.

Яке аз ширкатҳои дорусозии Ҷумҳурии Ҳиндустон  барои бунёди корхона дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ ва омодагӣ намуд.

АКС: Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2024 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд