Ҳамкории Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Тоҷикистон бо ширкати «Радметрон»-и Беларус тақвият меёбад

Сентябрь 5, 2024 13:57

ДУШАНБЕ, 05.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар  толори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва  ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон      бо намояндагони ширкати «Радметрон»-и Ҷумҳурии Белорус вохӯрӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар агентии мазкур.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон    ва ширкати «Радметрон» — и Ҷумҳурии Беларус муҳокима гардиданд.

Бояд гуфт, ки ширкати «Радметрон» ба истеҳсол ва фурӯши таҷҳизоти муайянкунанда ва кашфи маводи радиатсионӣ, инчунин химиявӣ машғул аст.  Истифодаи таҷҳизоти ин ширкат, ки шакли электронии он муаррифӣ шуд,  дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   имконпазир аст.

Зимни вохӯрӣ мутахассисони Беларус   барои ҳамкории судманд  изҳори омодагӣ намуданд.  Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибае, ки дар самти бехатарӣ ва кашфи маводи радиатсионӣ мавҷуд аст,  ба мувофиқа расиданд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2024 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст