Ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Чин густариш меёбад

Сентябрь 19, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар Душанбе мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва ҳайати мутахассисони Чин бо роҳбарии муовини раиси Ҷамъияти геологии Чин Чжу Лисин баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, ҷонибҳо оид ба пешбурди кор дар самтҳои геология ва сейсмология мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон барои таъсиси Маркази сейсмологии мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дар назди Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳодҳои мукаммалу саривақтӣ намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо барои ҳимояҳои илмии аспирантону докторантон дар шуроҳои дисертатсионии ҳарду давлат, ҳамкории олимон, аспирантону докторантон дар самтҳои геология, сейсмология ва баланд бардоштани илм ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба гуфтушунид анҷом доданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад