Аъзои хоҷагии деҳқонии «Мирраҳмат» имсол аз кишти пахта ҳосили хуб ба даст меоранд

Сентябрь 2, 2024 10:08

ДУШАНБЕ, 02.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии деҳқонии «Мирраҳмат»-и деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов  дорои 3,24 гектар буда, дар 0,90 гектар пахта, дар 0,90 гектар булғорӣ, дар 0,50 гектар пиёз, дар 0,40 гектар бехӣ, дар 0,54 гектар беда ва дигар зироати кишоварзӣ кишт карда шудааст. Имсол нашъу намои пахта дар ҳолати хуб буда, хоҷагидорон итминон  доранд, ки ҳосили хуб ба даст меоранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар медиҳад.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо деҳқонон таъкид кард, ки замин бояд самаранок истифода бурда шавад. Зеро дар шароити кӯҳсор танҳо бо истифодаи оқилонаи замин метавон амнияти озуқавориро таъмин намуд.

Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Мирраҳмат» аз соли 2016 фаъолият дошта, то имрӯз дар соҳаи кишоварзии мамлакат саҳм мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Сентябрь 2, 2024 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид