Ба донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ нуктаҳои асосии суханронии Президенти Тоҷикистон дар Рӯзи дониш шарҳ дода шуданд
ДУШАНБЕ, 02.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъомад оид ба фаҳмонидани нуктаҳои асосии суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Рӯзи сулҳ гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» хабар доданд.
Дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо донишҷӯён корҳои тарбиявӣ ва амалӣ, ки дар ташаккули ҳамаҷониба ва эҷодии мутахассисони миёнаи тиб нақши муҳим доранд, ҳамарӯза доир карда мешаванд. Яке аз самтҳои асосии корҳои тарбиявӣ дар коллеҷ ба донишҷӯён тавзеҳ додани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаҳмонидани сиёсати дохил ва хориҷи давлат, риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ ва қоидаҳои тартиботи дохили муассиса мебошад.
Иброз шуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар мамлакат, пеш аз ҳама, бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илм рушди бесобиқа намуд. Заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва ба донишандӯзӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонони мамлакат қобили таҳсин мебошанд.
Донишҷӯён бояд дар чунин шароити фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат таҳсил намуда, ба Ватану миллат сарбаландона хизмат намоянд.
Бояд гуфт, ки 1 сентябр- дар оғози соли таҳсил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди истифода қарор дода, суханронӣ намуданд. Сарвари давлат зимни суханронӣ бисёр аз масъалаҳои мубрамро доир ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсил мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ба маротиб баланд гардид. Зеро омӯзгор ҳидоятгари роҳи ростӣ, тарбиятгари насли наврас ва чароғи роҳнамо ба сӯи фардои дурахшон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ба масъулин дастур доданд, ки ҳарчи зудтар дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул карда шавад. Ин нишони он аст, ки омӯзгор дар ташаккули ҷомеаи оянда нақши барҷаста дорад.
Дар ҳамоиш ҳамчунин масъалаҳои риояи ҳатмии дастурамали либосҳои тавсиявӣ, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон» Соли маърифати ҳуқуқӣ (2024), масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, хариду фурӯши одамон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии Ватан ба донишҷӯён фаҳмонида шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






