Ба хонандагони Муассисаи таълимии рақами 8-и шаҳри Хоруғ суханронии Президенти Тоҷикистон дар Рӯзи дониш шарҳ дода шуд

Сентябрь 3, 2024 18:54

ХОРУҒ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба хонандагону омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и шаҳри Хоруғ  нуктаҳои асосии суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ фаҳмонида шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сулҳу амонӣ ва амнияти мамлакатро барои рушди босуботи иқтисоду иҷтимоиёти  мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки «танҳо дар сурати барқарор будани сулҳу суботи комил ва оромиву амният ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла раванди таълиму тарбия ба таври муътадил идома пайдо мекунад. Фақат дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои созандаи давлату ҷомеа имконпазир мебошад».

Муовини директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 Арамбегим Маҳтобшоҳзода гуфт, ки «ин ҳама пешрафту дигаргуниҳои азим дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла  илму  маориф маҳз дар натиҷаи талошу заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба сулҳи комил ба даст омадаанд. Оғоз гардидани соли нави таҳсил бо Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ рамзи нек барои мардуми Тоҷикистон аст. Зеро мо, калонсолон даҳшату фоҷиаҳои ҷанги таҳмилиро, ки Президенти ҷумҳурӣ дар суханронии худ  аз он ёд карданд, бо чашми сар дидем ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Дар он солҳо ман омӯзор будам ва медидам, ки кӯдакону наврасон бо шиками гурусна ва либосу пойафзоли дарида ба таълимгоҳ меомаданд. Қаламу дафтар ва китоб намерасид. Баъзе омӯзгорон тарки касб карда, барои саришта кардани рӯзгори оила  ба тиҷорат машғул шуданд ва муассисаҳои таълимӣ бо норасоии кадрҳо рӯ ба рӯ шуданд. Аммо бо шарофти роҳбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат ин ҳама рӯзҳои пурфоҷиа пушти сар шуданд. Аз ин рӯ мо  ҳамеша ба шогирдон таъкид мекунем, ки ба қадри заҳматҳои Президенти Тоҷикистон, ба қадри сулҳу оромии ҷумҳурии азиз бирасед ва онро мисли гавҳараки чашм ҳифз кунед».

Ёдовар мешавем, ки тибқи лоиҳа Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 8 аз се бино иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои якуми ин муассисаи таълимӣ 21 августи соли 2020 ва бинои дуюм 7 августи соли 2023  бо иштироки   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ифтитоҳ гардид.

Бинои сеюм дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 3, 2024 18:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд