Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Лахш 124 иншоот бунёду таҷдид мегардад
ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Барои таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду таҷдиди 124 иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ гардида, то имрӯз сохтмони 45 иншоот ё 36 фоизи нақша ба анҷом расонида шудааст. Чунин ибрози назар намуданд имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Лахш.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки айни замон дар ноҳия ҳамагӣ 8 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, ки аз он 3 корхона дар шашмоҳаи якуми имсол таъсис ёфтааст.
Ба андешаи Сарвари давлат, ин нишондиҳандаҳо ҳоло қонеъкунанда нестанд.
Бо назардошти захираву имконияти бузурги ноҳия зарур шумурда шуд, ки роҳбарияти ноҳия ва вазорату идораҳои дахлдор доир ба бартараф кардани камбудиҳои гуфташуда тадбирҳои фаврӣ андешанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






