Бо татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид
ДУШАНБЕ, 16.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат таҳия гардида, дар доираи он корҳои муҳиму назаррас дар самти бунёд ва бо таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ба анҷом расонида шуданд. Ин матлабро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ 13 сентябр зимни натиҷагирӣ аз ҷараёни татбиқи ин барнома баён дошт.
Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ бо татбиқи ин барнома сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардидааст.
Ба масъулин барои бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои саривақтӣ ва босифати бандҳои ин барнома дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






