Дар 33 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон тибби тоҷик барои ташхис ва табобат беш 2 ҳазор амалиёти нав ворид намуд

Сентябрь 8, 2024 15:30

ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Табибони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои ташхис ва табобати бемориҳо зиёда аз 2 ҳазор амалиёти нав ворид намуданд.

Тавре Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ соҳаи тандурустӣ ба муваффақияти назаррас ноил гардида, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб боло рафтааст. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои дарпешистода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар шашмоҳаи аввали имсол дар муассисаҳои тандурустии мамлакат 62 навгонӣ, аз ҷумла 27 адад дар самти ташхис ва 35 адад дар самти табобат ворид карда шуд.

Навгониҳои  ба самти ташхис воридшуда бемориҳои саратон, меъдаю рӯда, пайвандсозии узвҳо, бемории дилу рагҳо, бемориҳои пӯст ва дар самти табобат ҷарроҳиҳои дилу рагҳо, сутунмӯҳра, пайвандсозии узвҳои инсон, бемориҳои меъдаю рӯда ва саратон, ҷарроҳиҳои қафаси сина, абдоминалӣ, рентгенэндоваскулярӣ ва чашмро дар бар мегиранд.

Дар шашмоҳаи аввал дар 139 нафар  амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо (2023-124) гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  15 адад зиёд мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар солҳои пеш беморон барои ташхис ва табобат ба хориҷи мамлкат сафар мекарданд. Имрӯз аз хориҷи мамлкат барои ташхис ва табобат ба Тоҷикистон меоянд.

Зеро дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат дар муассисаҳои тиббӣ тамоми шароит ва имконият фароҳам оварда шудааст.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2024 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд